Ссылки доступа

Шоҳид дар парвандаи рӯзноманигор Мамай: пулҳоро бе ягон пурсиш додам


Галимҷон Аханов, шоҳиди ҷониби айбдоркунанда дар доираи парвандаи рӯзноманигор Ҷонболат Мамай, ки дар шустушӯи пулҳои ғайриқонунии бонки БТА-и Қазоқистон айбдор аст, 21 август дар додгоҳ гуфт, аз соли 2011 то соли 2014 бо дархости ҳамсараш Шамсия Жаримбекова "борҳо" ба афроди ношинос нақдина додааст.

Шоҳид Аханов афзуд, ин пулҳои бародари ҳамсараш Жахсилик Жаримбеков, муовини мудири пешини бонки БТА буданд, ки баъди миллигардонии бонк дар соли 2009 дар манзили онҳо гузошта, Қазоқистонро тарк кард.

Ба гуфтаи ӯ, пулҳо дар дохили лифофаҳо буда, болои онҳо рақами телефони шахсе навишта шуда буд, ки бояд нақдинаҳоро дастрас мекард. "Дар бораи ҳадафашон ба ман чизе намегуфтанд", - изҳор дошт Аханов. Вай гуфт, ҷузъиёти қазияро дар ёд надорад ва дар додгоҳ хост, ки ӯро акс ё ба навор нагиранд.

Жаримбеков дар мурофиаи 18 август гуфт, аз хоҳараш Шамсия Жаримбекова, ки дар Қазоқистон зиндагӣ мекард, хоста буд, то пулҳои ӯро ба муҳаррири нашрияи "Трибуна" Ҷонболат Мамай бидиҳад. Жаримбекова дар додгоҳ гуфт, бо дархости бародараш ба воситаи ҳамсари худ ҷамъан 110-120 ҳазор доллар додааст.

Мамай пештар дар додгоҳ гуфт, бо Жаримбеков шинос ҳаст, вале айби пулшӯиро рад кард. "Ба назари ман ин пулшӯӣ нест", - афзуд ӯ. Мамай изҳор дошт, ки баъди баромади шоҳид мавқеи худро баён хоҳад дошт.

Сармуҳаррири нашрияи мухолифи "Саяси калам. Трибуна" Ҷонболат Мамай аз 10 феврал ба ин сӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Вай дар шустушӯи пулҳои ғайриқонунии бонки БТА айбдор мешавад. Айбдоркунандаи давлатӣ мегӯяд, ин пулҳо ба сиёсатмадори қазоқ Мухтор Аблязов, ки дар хориҷ паноҳ мебарад, рабт доштанд. Ҳам Аблязов ва ҳам Мамай айбҳои эълоншударо рад мекунанд.

Гузориши Бахши қазоқии Радиои Озодӣ аз толори додгоҳ:​

XS
SM
MD
LG