Ссылки доступа

Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон пароканда шуд


Додоҷон Атовуллоев
Додоҷон Атовуллоев

Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон, ки худро ташаккули иборат аз эътилофи созмонҳои сиёсии мухолифи ҳукумат муаррифӣ мекард, бо пахши изҳороте гуфт, ки фаъолияти худро қатъ намуд. Ин созмон қарори қатъи фаъолияташро рӯзи 21-уми август қабул кардааст.

Изҳорот аз раҳбари раёсати Анҷуман рӯзноманигор Додоҷон Атовуллоев ном набурда, вале ӯро ба гирифтани тасмимҳои “худсарона ва бидуни машварат бо аъзои раёсат” муттаҳам кард. Инчунин гуфта шуд, ки “ӯ бо ҳукумати Тоҷикистон музокироти пинҳонӣ дорад.” Изҳорот дар баробари кори сохтор ҳамчунин ба барномаҳои анҷуман дар радиои интернетии Zello хотима гузошт.

Шарофиддин Гадоев, яке аз муассисони Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон гуфт, эътироф мекунад, ки дар давоми ду соли охир Анҷуман натавонист барномаву ҳадафҳои худро пиёда созад.

Аммо Додоҷон Атовуллоев, раҳбари акнун пешини Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон мегӯяд, изҳороти аъзои раёсати анҷуман барояш ногаҳонӣ буд ва ӯ аз баргузории ҷаласаи аъзои раёсат хабар надошт. Атовуллоев гуфт, қарори қатъи фаъолияти анҷуманро ҳамкорони собиқаш ду рӯз баъд аз аз он пахш карданд, ки ӯ дар охирин сӯҳбаташ дар шабакаи Зелло дар бораи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тунд сӯҳбат кард. Додоҷон Атовуллоев дар навбати худ Шарофиддин Гадоевро дар “пуштибонӣ аз ҲНИТ” айбдор мекунад.

Атовуллоев гуфт, шахсан бо наздикони президент сӯҳбат доштааст ва дар ин музокирот масъалаи бозгашташ ба Тоҷикистон матраҳ аст: “Орзуи ман, мисли орзуи ҳар шаҳрванде, ки ватанашро дӯст медорад, бозгашт ба Тоҷикистон аст. Аммо на таслим шудан ба ҳукумат", - гуфт вай.

Анҷумани нирӯҳои созанда, ки моҳи апрели соли 2015 дар заминаи созмони дар Тоҷикистон мамнӯъ ва ғайриқонунии “Гурӯҳи 24”, “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” ва чанд гурӯҳи хурди дигар таъсис ёфта, 60-70 узв дошт, ки аксарият дар хориҷи Тоҷикистон ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG