Ссылки доступа

Шавкат Мирзиёев 9−10 сентябр ба Қазоқистон меравад


Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати ҳамтои қазоқаш Нурсултон Назарбоев 9-10 сентябр ба Қазоқистон сафар мекунад ва дар Нахустин саммити Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар умури илму технология ширкат меварзад.

Саммит таҳти шиори "Илм, технология, навоварӣ ва муосиргардонӣ дар Ҷаҳони ислом" баргузор ва ба пӯшидашавии намоишгоҳи байналхалқии EXPO-2017 дар Остона бахшида мешавад.

Шавкат Мирзиёев дар маросими пӯшидашавии EXPO-2017 иштирок мекунад ва чанд мулоқоти дуҷониба низ бо ҳайатҳои хориҷӣ анҷом медиҳад.

Мирзиёев бори нахуст ба ҳайси президент моҳи марти соли ҷорӣ ба Қазоқистон рафта буд. Дар он сафари президенти Ӯзбекистон ба Қазоқистон чанд санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Шавкат Мирзиёев ҳамчунин 29 апрели соли ҷорӣ ба вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ рафта, бо Нурсултон Назарбоев мулоқоти корӣ анҷом дод.

XS
SM
MD
LG