Ссылки доступа

Машварат ба ҳукумати Қирғизистон: ширкати "Сентерра"-ро ба додгоҳ бикашед


Ҷиноҳи порлумонии "Республика-Ата Журт"-и Қирғизистон қарор қабул кард, ки зидди созишнома дар бораи аз сӯи ширкати Centerra Gold харидани кони амрикоии Thompson Creek Metals Inc. раъй медиҳад.

Ҷиноҳ бар ин назар аст, ки ҳукумат бояд ширкати Centerra Gold-ро ба додгоҳ кашад, то ин ки шартномаи хариди кон бекор шавад.

Раиси ҷиноҳ Омурбек Бабанов афродеро, ки зери шартнома имзо кардаанд, хоин номид.

"Барои харидани ширкат 1 миллиард доллар харҷ шудааст! Ин маблағро ширкати "Сентарра" метавонист, дар худи Қирғизистон сармоягузорӣ кунад. Ширкат метавонист, Ҷеруй, Талди-Булак ва ё лоиҳаҳои дигарро бихарад. Шумо музояда баргузор мекунед, сармоягузор меҷӯед, чаро чунин гуфтугӯ бо "Сентерра" намешавад? Пулҳое, ки дар дохили Қирғизистон ҳосил шудааст, барои сармоягузорӣ дар кишварҳои дигар харҷ мешавад. Оё ин ҷиноят нест?", - гуфт раиси ҷиноҳи "Республика-Ота Журт".

Ноиб-сарвазири Қирғизистон Дуйшенбек Зилолиев дар навбати худ гуфт, ки коҳиши саҳми ҷониби Қирғизистон дар ширкати "Сентерра" боиси имзои шартномаи тирамоҳи соли гузашта шудааст.

"Агар ба решаи ин ҷаласа бингарӣ, мо ба душмани халқ табдил мешавем. Аммо чунин нест. Мо чи қадар ҳарф задем, фарёд кардем ва чора андешидем. Мо дар тааҷҷуб мондем, ки чаро чунин шуд. Аммо ҳамаи шумо медонед, ки инҳо ба шартномаи соли 2009 бармегарданд. Ин шартнома қабул ва имзо шудааст", - гуфт Зилолиев.

Баъди харидани кони Thompson Creek Metals Inc. аз сӯи ширкати "Сентерра" саҳми "Қирғизолтин" аз 32,1 дарсад то ба 26,6 дарсад кам шуд. Дар ширкати Centerra Gold Inc. Қирғизистон се намоянда дорад.

XS
SM
MD
LG