Ссылки доступа

Саммити Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар Остона имрӯз ба поён мерасад


Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон 10 сентябр саммити Созмони ҳамкориҳои исломӣ (СҲИ) кушода шуд, ки роҳбарони 14 кишвар, наздики 80 ҳайати давлатҳои узвро ҷамъ овард. Мавзуи саммит - "Илм, технология, навоварӣ ва навсозӣ дар Ҷаҳони ислом" буд ва дар кушодашавии саммит изҳороти сиёсӣ низ садо дод.

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба 15 кишвари пешгоми узви СҲИ пешниҳод кард, ки барои рушди илму иқтисод дар ҷаҳони ислом ба таври ғайрирасмӣ дар гуруҳе монанди "Бистгонаи бузург" муттаҳид шаванд. Вай ҳамчунин аз роҳбарони СҲИ даъват кард, ки ҷаҳони исломро бо Ғарб наздик кунанд ва аз парокандагӣ миёни мусалмонон пешгирӣ намоянд.

Президент Назарбоев вазъи Мянмаро низ баррасӣ кард. Бино бар омори СММ, охири моҳи август наздики 300 ҳазор мусалмон давоми ду ҳафтаи шиддат гирифтани задухӯрд бо буддоиҳо аз Мянма ба Бангладеш фирор кардаанд.

Саммит имрӯз - 11 сентябр ба поён мерасад. Дар поёни саммит Эъломияи Остона дар умури пуштибонии сиёсии навсозии илмиву технологии ҷаҳони ислом қабул хоҳад шуд.

Созмони ҳамкориҳои исломӣ соли 1969 таъсис шуда, дар айни ҳол 57 давлати узв дорад, ки дар ҳудуди ин кишварҳо 1,5 миллиард аҳолӣ истиқомат мекунад.

XS
SM
MD
LG