Ссылки доступа

Ба кӯчарӯбҳои Ишқобод амр шудааст, бо либоси идона ба кор бароянд


Кормандони хадамоти коммуналӣ -- кӯчарӯбҳои шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон дастур гирифтаанд, ки дар арафаи Бозиҳои осиёӣ бо либоси идонаи сабз ба кор бароянд. Занҳои кӯчарӯби Ишқобод ҳатто барои муҳофизати рӯйи худ аз чангу офтоб низ ҳақ надоранд, рӯймол банданд.

Ба гуфтаи яке аз занҳои кӯчарӯб, хадамоти коммуналии пойтахти Туркманистон барои кормандони худ либоси махсуси сабзеро фармоиш додааст, ки пули он баъдан аз ҳисоби маоши моҳи сентябрашон гирифта хоҳад шуд. Ҳамсуҳбати мо гуфт, раҳбарият ба дархости баъзеи занон, ки хостанд, ба хотири сарфаи маблағ ин либосро худ бидӯзанд, ҷавоби рад додааст.

Миёнаҳои тобистони соли равон низ соати кории кормандони хадамоти коммуналии Ишқобод тағйир дода шуда, баъзеи онҳо вазифадор шуданд, ки аз соати 7-и субҳ то 3-и шаб кор кунанд.

Нозирони маҳаллӣ мегӯянд, бештари корҳои поккории кӯчаву хиёбонҳои Ишқобод бо даст анҷом мешаванд. "Сарфи назар аз он ки дар Ишқобод техникаҳои махсуси кӯчарӯбӣ ба андозаи кофӣ мавҷуд аст, тайи 2-3 моҳи ахир занону духтарон кӯчаҳои марказӣ ва роҳравҳоро бо даст мешӯянду тоза мекунанд", - гуфт як сокини пойтахти Туркманистон.

"Рӯйҳоро пӯшондан манъ аст. Ҳатто ба пойяфзол аҳамият медиҳанд", - гуфт як зани кӯчарӯб, ки дар наздикии Шаҳраки олимпӣ кор мекард. Ба гуфтаи ӯ, талаботи синнусолӣ низ ҷорӣ шуда, барои тоза кардани атрофи шаҳрак кормандони то 30-сола сафарбар мешаванд. Занони калонсолро, ки пештар инҷо кор мекарданд, ба ноҳияҳои дигари пойтахти Туркманистон интиқол додаанд.

XS
SM
MD
LG