Ссылки доступа

Парвандаи хешовандони Гулмурод Ҳалимов ниҳоӣ шуд


Додситонии кулли Тоҷикистон тафтиши парвандаи се хеши сардори пешини ОМОН-и кишвар ва "вазири ҷанг"-и гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ) Гулмурод Ҳалимовро ба поён расондааст, ки дар кӯшиши фирор ба Афғонистон барои пайвастан ба сафи ДИ айбдор мешаванд.

Алӣ Ҳалимов - бародарзода, Комил ва Назир Ҳалимовҳо - бародарони Гулмурод Ҳалимов шаби 5 июли соли равон дар натиҷаи як амалиёти кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ, ҳаммарз бо Афғонистон боздошт гаштанд.

Чаҳор нафари дигар -- бародари 53-сола ва бародарзодаи дигари Ҳалимов -- Султонмурод ва Фозил Ҳалимовҳо ҳамроҳи ду ҳамсояашон - Афзал Абдурашидов ва Насим Раҳматов ба кормандони пулис муқобилият нишон дода, дар натиҷа кушта шуданд.

Ба гуфтаи мақомот, бародарони Ҳалимов мехостанд, ба Афғонистон фирор кунанд ва дар он тарафи дарёи Панҷ ҷангиёни ДИ онҳоро мунтазир буданд. Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ гуфт, Насим Раҳматов ба воситаи як узви ДИ бо сардори пешини ОМОН-и Тоҷикистон пайваста дар тамос будааст.

Мақомоти махсуси кишвар мегӯянд, Ҳалимов ҳамчунин бо бародараш Назир тамос доштааст. "Ба Назир нигоҳубини хонаводаашро таъкид карда ва мегуфтааст, ки вақте супориш дод, аҳли оилаашро ба Афғонистон интиқол диҳанд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Вазорати дифои Русия 8 сентябр хабар дод, ки Гулмурод Ҳалимов дар натиҷаи як ҳамлаи ҳавопаймоҳои ин кишвар дар минтақаи Дайр-уз-Зори Сурия кушта шуд. Нирӯҳои Русия як ҷаласаи фармондеҳони ДИ-ро дар Дайр-уз-Зор ҳадаф қарор доданд, ки дар онҷо “вазири ҷанг” Гулмурод Ҳалимов низ ҳузур доштааст.

XS
SM
MD
LG