Ссылки доступа

Мақомоти Украина "марзшиканӣ"-и Саакашвилиро маҳкум карданд (видео)


Михаил Саакашвилӣ, президенти пешини Гурҷистон ва собиқ раҳбари вилояти Одесса, ки ахиран шаҳрвандияшро дар Украина бекор карданд, 10 сентябр аз тариқи Лаҳистон вориди ин кишвар шуд. Мақомоти Украина воридшавии Саакашвилиро "нақзи дастаҷамъии марзи давлатӣ" номиданд.

Дар изҳороти Хадамоти марзбонии Украина омадааст, ки "гуруҳи одамони хашмгин дар назди даромадгоҳи гузаргоҳи "Шегинӣ" бо намояндагони Пулиси миллӣ ва Хадамоти марзбонӣ занозанӣ карда, вориди гузаргоҳ шуданд ва марзи давлатиро ғайриқонунӣ убур карданд. Миёни марзшиканон вакилони порлумони Украина низ буданд".

Додситони кулли Украина Юрий Лутсенко гуфт, созмондиҳандагони ин "марзшиканӣ" бо иштироки Михаил Саакашвилӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида хоҳанд шуд.

Саакашвилӣ ду бор ғайриинтизор нақшаи воридшавияшро ба Украина тариқи Лаҳистон тағйир дода, ахиран ба назди гузаргоҳи марзии "Шегинӣ"-и вилояти Лвов ҳозир шуд. Чанд дақиқа пеш аз омадани ӯ марзбонон ба далели хабари афроди номаълум дар бораи минагузорӣ марзро бастанд ва аз ҳар ду тарафи гузаргоҳ даҳҳо корманди хадамоти махсус ва марзбонӣ роҳро низ маҳкам карданд.

Вале Саакашвилӣ ҳамроҳи ҷонибдорони худ бо шумули вакилони порлумони Украина тавонист аз ин ҳама монеаҳо убур карда, вориди Украина шавад.

Шаҳрвандии Саакашвилӣ дар Украина бо фармони президент Петр Порошенко бекор карда шуд. Барои ворид шудани ӯ ба ин кишвар ҳамчун шахси бешаҳрвандӣ дар баробари ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият раводид (виза)-и вуруд низ лозим буд.

XS
SM
MD
LG