Вазорати умури дохилии Русия гуфт, интихобот ором баргузор шуд. Нозирони бештари нуқтаҳои овоздиҳӣ давоми рӯз дар бораи партофтани ғайриқонунии варақаҳо, кӯшиши харидани интихобкунандаҳо бо пулу арақ, таблиғоти ғайриқонунӣ дар участкаҳо, боздошти номзадҳо, нозирон ва аъзои комисияи интихоботӣ хабар доданд.
КМИР-и Русия гуфт, қонуншиканиеро сабт накардааст, ки ба натиҷаҳои интихобот таъсир расонад.
Иштироки аз ҳама зиёди раъйдиҳандагон, тибқи анъана дар нуқтаҳои овоздиҳии боздоштгоҳҳои муваққат ва беморхонаҳои равонӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора "Откритая Россия" иттилоъ медиҳад.
Сарвазири Русия Дмитрий Медведев гуфт, интихобот дар "сатҳи баланд" баргузор шуд ва интихобкунандагон тақрибан дар ҳамаи минтақаҳо фаъолона иштирок доштанд.