Ссылки доступа

Падари зани муттаҳам дар ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон ба Додгоҳи олӣ шикоят бурд


Муҳаммадносир Ҳалимов, падари Зулфия Ҳалимова, ки бо айби ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон 11,5 сол зиндонӣ шуд, бо духтараш дар зиндон мулоқот кардааст. Баъди ин мулоқот падари Зулфия ба президенти Ӯзбекистон ва Додгоҳи олӣ бо дархости бозбинии парвандаи духтараш муроҷиат кардааст.

"Дирӯз ман бо духтарам мулоқот кардам, бо вай суҳбат доштам ва ба бегуноҳиаш бовар ҳосил кардам. Духтарам гуфт, зери шиканҷа ба гуноҳ иқрор шудааст. Имрӯз ман ба президент ва Додгоҳи олӣ ариза навиштам. Духтари ман ҷосус нест, ман бозбинии парвандаи ӯро талаб мекунам", - гуфт падари Зулфия.

Ба гуфтаи Шоира Қиличова, вакили дифои Зулфия Ҳалимова, нафари таҳти ҳимояи вай дар убури ғайриқонунии марз ё вуруди ғайриқонунӣ ба Ӯзбекистон ва ҷосусӣ айбдор мешавад.

Муҳокимаи парвандаи Зулфия дар додгоҳ пушти дарҳои баста сурат гирифт. Падари Зулфия мегӯяд, духтари вай танҳо ба он хотир ҷосус эълон шуд, ки ҳамагӣ чанд муддат дар Тоҷикистон кор кардааст.

"Духтари ман дар неругоҳи Сирдарё кор мекард, ӯро бо роҳи фиреб ба шуъбаи қайд даъват карданд. Онҷо ба ӯ ду зани ҷанҷолӣ ҳамла намуданд. Баъд пулис омаду духтари маро бурд. Ӯро дар аввал ба авбошӣ айбор карда, 10 рӯз ҳабс намуданд. Дар боздошгоҳ ба ӯ фишор оварда, гуноҳро ба сараш бор карданд", - гуфт падари Зулфия.

XS
SM
MD
LG