Ссылки доступа

Боздошти занону кӯдакони ҷангиёни тоҷик дар Мавсил


Бино ба иттилои хабаргузории Reuters, мақомоти Ироқ ҳудуди 1 ҳазору 400 зан ва кӯдаки ҷангиёни хориҷии гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ)-ро дар қароргоҳе нигаҳ медоранд.

Reuters бо истинод ба мақомоти амниятӣ ва кормандони созмонҳои кумакрасон 10 сентябр хабар дод, ки бештари ин занону кӯдакон аз Туркия омадаанд ва миёнашон шаҳрвандони Тоҷикистон, Озарбойҷон, Русия ва баъзеи кишварҳои Осиё низ ҳастанд.

"Дар миёни онҳо шумори хеле ками шаҳрвандони Фаронса ва Олмон низ дида мешавад", - афзудааст манбаъ.

Хабаргузорӣ мегӯяд, занону кӯдакон хонаводаҳои ҷангиёни ДИ ҳастанд, ки дар натиҷаи амалиёти нирӯҳои Ироқ дар шаҳру навоҳии зери идораи тундравон, аз ҷумла Мавсил боздошт шудаанд. Мақомот онҳоро дар як қароргоҳ, воқеъ дар ҷануби ин шаҳр нигаҳ медоранд.

Як афсари хадамоти иктишофии Ироқ гуфтааст, ҳоло талош доранд, шахсият ва шаҳрвандии боздоштшудаҳоро муайян кунанд. Зеро бештари онҳо ҳангоми боздошт бо худ шиноснома надоштанд.

Полковники артиши Ироқ Аҳмад Атоӣ дар сӯҳбат бо Reuters афзудааст, ки артиш аъзои хонаводаи ҷангиёнро дар як ҷо нигоҳ медорад ва мунтазири амри ҳукумат аст, то сарнавишти баъдии онҳоро мушаххас кунад.

Reuters мегӯяд, рӯзноманигорони хабаргузорӣ дидаанд, ки чи гуна садҳо зану кӯдак бо бору бӯғчаҳояшон дар дохили хаймаҳои қароргоҳ дар рӯи кӯрпача нишаста буданд.

XS
SM
MD
LG