Ссылки доступа

Қазоқистон: ҳадафи бозгашт ба лотинӣ "замонавӣ" кардани забон аст


Раиси маҷлис, палатаи поёнии порлумони Қазоқистон Нурлан Негматулин имрӯз, 10 сентябр дар якҷаласаи порлумонӣ дар шаҳри Остона гуфт, гузариш ба ҳуруфи лотинӣ танҳо ба алифбои қазоқӣ дахл дорад.

Ба гуфтаи ӯ, тасмими иваз кардани алифбои қазоқӣ ба лотинӣ ба хотири "замонавӣ" гардонидани забон гирифта шудааст. "Ҳадафи гузариш ба ҳуруфи лотинӣ, пеш аз ҳама ислоҳи алифбои қазоқӣ ва қоидаҳои имлои он аст", - афзуд Негматулин.

Раиси маҷлиси Қазоқистон изҳор дошт, ки донистани забони русӣ барои шаҳрвандони кишвараш "имтиёзи таърихӣ" хоҳад буд.

Мақомоти Қазоқистон тасмим доранд, ки то охири соли равон "алифбои ягонаи лотинии қазоқиро" қабул ва то соли 2025 тамоми ҳуҷҷатгузорӣ ва номи кӯчаву хиёбонҳоро ба он баргардон кунанд.

Бархе аз коршиносон ин иқдомро ҳамчун талоши додани афзалият ба фарҳанги қазоқӣ ва дур кардани худ аз таъсири Русия баҳо медиҳанд. Алифбои Қазоқистон дар гузашта, аз соли 1929 то соли 1940 лотинӣ буд.

XS
SM
MD
LG