Ссылки доступа

Мирзиёев хост, ҷоизаи рушди ҷаҳони ислом таъсис дода шавад


Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёв 10 сентябр дар саммити Созмони ҳамкориҳои исломӣ (СҲИ) дар шаҳри Остонаи Қазоқистон пешниҳод кард, ки ҷоизаи махсуси СҲИ барои саҳмгузорӣ дар пешрафти илму технология таъсис дода шавад.

"Барои намуна, ба феҳрасти 500 донишгоҳи беҳтарини ҷаҳон танҳо 11 донишгоҳи кишварҳои узв шомил аст. Соли 2015 дархости кишварҳои СҲИ барои гирифтани патент дар ҷаҳон танҳо 1,9%-ро ташкил додааст. Бо таассуф метавон гуфт, ки бештари кишварҳои мусулмоннишин сарфи назар аз манобеи бойи табиию тавонмандии молии худ барои иҷрои идеяҳои инноватсионӣ ва технологӣ дар иқтисод чандон алоқамандии зиёд нишон намедиҳанд", - афзуд Мирзиёев.

Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Ӯзбекистон пешниҳоди созмонро барои бунёди телескопи замонавӣ дар шаҳри Самарқанд бо хушнудӣ қабул кардааст.

Мирзиёев ҳамчунин пешниҳод кард, ки саммити СҲИ оид ба илму техника дар се сол якбор баргузор шавад ва ба гуфтаи ӯ, Ӯзбекистон омодааст, аз саммити навбатӣ дар соли 2020 мизбонӣ кунад.

XS
SM
MD
LG