Ссылки доступа

Раиси пешини амнияти миллии Қазоқистон бо айби ифшои асрори давлатӣ зиндонӣ шуд


Дар додгоҳи низомии ноҳияи Акмолини Қазоқистон рӯзи 24 августи соли ҷорӣ ҳукми раиси пешини кумитаи амнияти миллии (КАМ) ин кишвар Нортой Дутбоев эълон шуд. Муҳокимаи додгоҳӣ пушти дарҳои баста сурат гирифт. Иттилои расмӣ дар бораи баррасии парванда танҳои имрӯз дар сомонаи Додгоҳи олии Қазоқистон нашр шуд.

Бар пояи ҳукм, Нортой Дутбоев дар ошкор кардани асрори давлатӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ айбдор дониста шуд. Додгоҳ ӯро 7,6 сол зиндонӣ кард. Ҳамчунин бар пояи ҳукми додгоҳ, вай аз ишғоли вазифаҳои давлатӣ якумрӣ маҳрум шуд. Дутбоев ҳамзамон аз рутбаи "генерал-лейтенант" ва мукофотҳои давлтӣ маҳрум гардид.

Раис Муратов, як тан аз афроди дигар, ки дар доираи парвандаи маъруф ба "парвандаи Дутбоев" муҳокима мешавад, бо айни айбҳои Дутбоев муттаҳам дониста ва 5 сол зиндонӣ шуд. Ӯ низ аз ҳаққи ишғоли вазифаҳои давлатӣ якумрӣ маҳрум гардид.

Чанд тани дигар низ дар доираи парвандаи мазкур муҳокима мешаванд.

Нортой Дутбоев, ки аз соли 2001 то 2006 КАМ-ро роҳбарӣ мекард, 26 декабри соли 2016 боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG