Ссылки доступа

Як сарватманди дигари ӯзбек тасмим гирифт, дар Ӯзбекистон тиҷорат роҳандозӣ кунад


Ба рӯйхати сарватмандони ӯзбек, ки бо сари қудрат омдани Шавкат Мирзиёев ба Ӯзбекистон баргашта, тиҷорату лоиҳаҳои хайриявӣ роҳандозӣ кардаанд, як тани дигар илова шуд. Фаттоҳ Шодиев, ки дар Қазоқистон расман миллиардер эътироф шудааст, тасмим гирифт, дар Ӯзбекистон як бунёд таъсис диҳад.

Вазорати адлияи Ӯзбекистон намояндагии Бунёди байналхалқии Шодиевро сабти ном кардааст. Ҳадафи асосии бунёди мазкур кӯмаки башардӯстона ва тақсими доруи ройгон ба ятимхонаҳои Ӯзбекистон аст.

Бино бар иттилои сарчашмаҳо, Фаттоҳ Шодиев баъд аз чанд муддати сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон тиҷорат кушодааст. Гуфта мешавад, лоиҳаи корхонаи металлургии Тошканд ба Шодиев тааллуқ дорад.

Ба гуфтаи манбаъҳо, лоиҳаи Tashkent City низ, ки аз сӯи мақомоти Ӯзбекистон тасдиқ шуд, ба Фаттоҳ Шодиев мутааллиқ аст. Лоиҳаи Tashkent City 1 миллиард доллари ИМА баҳо дода мешавад.

"Имрӯзҳо Фаттоҳ Шодиев дар Тошканд ҳузур дорад. Ҳамаи сарватмандони Ӯзбекистон атрофи вай ҷамъ шудаанд. Вай мехоҳад дар маркази Тошканд ду 20-ошёнаи маркази тиҷорӣ бунёд кунад. Ин хуб аст, ки сарватмандони мо ба кишвар бармегарданд. Агар вай ин лоиҳаҳоро рӯи даст гирифта бошад, пас ояндаи тиҷорат дар Ӯзбекистон дурахшон аст", - мегӯянд сарчашмаҳо.

Соли 2017 Шодиев бино бар баҳогузории маҷаллаи Forbes, дар рӯйхати одамони сарватманди дунё мақоми 1161-ро касб карда буд. Маҷмуи дороиҳои Шодиев 1 миллиарду 840 миллион доллар баҳо дода мешавад.

XS
SM
MD
LG