Ссылки доступа

Саммити навбатии ҳамкориҳои исломӣ дар Ӯзбекистон баргузор мешавад


Саммити дувуми Созмони ҳамкориҳои исломӣ (СҲИ) дар умури илму технология соли 2020 дар Ӯзбекистон доир хоҳад шуд. Ин қарор дар поёни саммити Остона қабул гардид.

"Бо назардошти муҳим будани ояндаи илмиву технологӣ барои рушди муътадили иқтисодӣ ва таъмини сатҳи баланди зиндагии сокинони кишварҳои мо пешниҳод мекунам, ки саммити навбатӣ соли 2020 дар Ӯзбекистон баргузор шавад", - гуфт президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев.

Нахустин саммити СҲИ дар умури илм ва технологияҳо 10 сентябр дар пойтахти Қазоқистон кушода шуд. Дар ин саммит наздики 80 ҳайати давлатҳои узви СҲИ, кишварҳои нозир ва инчунин созмонҳои байналхалқиву минтақавӣ ширкат карданд.

Роҳбари Ӯзбекистон дар саммити Остона пешниҳод кардааст, ки барои олимони ҷавон Маркази исломии байналхалқӣ таъсис шавад. Ин марказ барои табодули таҷриба, инчунин анҷоми таҳқиқотҳои муштарак ба кор хоҳад рафт.

"Барои ҳамаи мо истифодаи манбаъҳои алтернативии энержӣ аҳамияти зиёд дорад. Дар робита ба ин омодагиамонро барои анҷоми таҳқиқоти илмӣ дар ин самт эълон мекунам", - гуфт президенти Ӯзбекистон.

XS
SM
MD
LG