Ссылки доступа

Дар Тошканд оши ҳафтунимтоннаӣ омода карданд, вале мардумро ба наздаш роҳ надоданд (видео)


Дар маркази шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон охири ҳафтаи гузашта бузургтарин ош дар ҷаҳонро, ки тақрибан ҳафту ним тонна вазн дошт, омода карданд. Барои тамошои ин ош, ки шомили Китоби рекордҳои гиннесс шуд, даҳҳо ҳазор одам ҷамъ шуданд.

Вале бештари онҳоро ба маҳалли чорабинӣ роҳ надоданд. Ба назди дег танҳо афроде роҳ ёфтанд, ки аз тарафи шаҳрдорӣ даъват шуда буданд, аз ҷумла дипломатҳои хориҷӣ, кормандони телевизионҳои маҳаллӣ ва шумораи маҳдуди кормандони корхонаҳои давлатӣ.

"Намегӯянд, барои чи даромадан бо даъватнома иҷозат аст. Фаҳмида мешавад, ош барои мову шумо нест. Ин барои телевизион аст. Агар барои мардум мешуд, ҳамаро мемонданд", - гуфт як сокини Тошканд.

Дар омода кардани ин ош беш аз 50 ошпаз иштирок кардаанд. Ба он яку ним тонна гӯшти гов, беш аз ним тонна гӯшти гӯсфанд, ҳудуди 2 тонна биринҷ, 2700 кило сабзӣ, 220 кило пиёз, 440 литр равғани растанӣ ва 57 кило намак сарф шудааст.

XS
SM
MD
LG