Ссылки доступа

СММ амалиёти зидди мусулмонони Мянмаро поккории қавмӣ номид


Комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон Зайд Раъд ал-Ҳусейн амалиёти хушунатборро дар аёлати Ракхайни Мянма зидди мусулмонони қабилаи роҳинҷа маҳкум кард. Ӯ ин амалиётро "номутаносиб" ва натиҷаи ҳамлаи шӯришгарон дар моҳи гузашта номид.

Ба гуфтаи комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон, вазъ дар аёлати Ракхайни Мянма ба намунаи поккории қавмӣ монанд аст.

Зайд Раъд ал-Ҳусейн, ки дар Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Женева баромад мекард, гуфт, беш аз 270 ҳазор сокини мусулмони Роҳинҷа баъди эъдомҳои ғайриқонунӣ ва оташ задани деҳаҳояшон маҷбур шуданд, ба Бангладеш фирор кунанд.

Ӯ аз ҳукумати Мянма даъват кард, ки амалиёти низомии худро қатъ карда, ҷинояткоронро ба ҷавобгарӣ бикашад ва аз табъизи ҷиддӣ ва сартосарӣ зидди қабилаи роҳинҷа пешгирӣ кунад.

XS
SM
MD
LG