Ссылки доступа

Назарбоев ба натиҷаи "ЭКСПО-2017" баҳои баланд дод


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 11 сентябр дар маросими пӯшидашавии намоишгоҳи "ЭКСПО-2017" дар шаҳри Остона гуфт, ин намоишгоҳ натиҷаи мусбати иқтисодию сиёсӣ ва илмию техникӣ дод.

"Аз ҷумла барои рушди идеяҳои пешрафта ва технология дар бахши "энержии оянда", - афзуд Назарбоев. Ба гуфтаи ӯ, баргузории чорабинии мазкур бори дигар ҷонибдории кишварашро аз идеяҳои рушди "технологияи сабз" нишон дод.

Назарбоев гуфт, анҷоми намоишгоҳ оғози иҷрои як қатор лоиҳаҳои бузурги нав хоҳад буд. Аз ҷумла Маркази байналмилалии молии "Остона", ки бояд ба маркази молию ҷалби таваҷҷуҳи сармоягузорон табдил ёфта, дар низоми байналмилалии молӣ ҷойгоҳи махсусеро ишғол кунад.

Пештар мақомоти Қазоқистон гуфта буданд, ки "ЭКСПО-2017 қуллаи нави пешрафти кишвар ва бренди миллии "Қазоқистон" дар арсаи ҷаҳонӣ хоҳад шуд".

Намоишгоҳи ЭКСПО-2017 10 июни соли равон ба таври тантавӣ дар пойтахти Қазоқистон ифтитоҳ шуд ва баъди се моҳ онро боз ба таври тантанавӣ пӯшида эълом карданд. Дар рафти омодагӣ ба он зидди як қатор раҳбарони вақти ширкати миллии Қазоқистон парвандаҳои ҷиноӣ бо ҷурми тақаллубкорӣ боз шуд.​

XS
SM
MD
LG