Ссылки доступа

Ҳоҷиёни тоҷик баргаштанд, яке бо гиря, яке бо ханда (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 11-уми сентябри 2017 (HD)

- Ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон дар нишасти HRW иштирок намекунад. Ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон тасмим гирифтааст дар нишасти марбут ба вазъи ҳуқуқи башар ва зиндониҳои сиёсӣ, ки дар ҷаласаи ҳошиягии созмони Human Rights Watch (HRW) ташкил мешавад, иштирок накунад. (видео)

- Ҳоҷиёни тоҷик баргаштанд, яке бо гиря, яке бо ханда. Субҳи 11 сентябр нахустин гурӯҳи 186-нафарии ҳоҷиёни тоҷик баъд аз адои маросими Ҳаҷҷ аз Мадина ба Душанбе баргашт. (видео)

- Бозоре, ки тоҷикону қирғизҳоро наздик мекунад. Дар ноҳияи Лахш як бозоре дар назди марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҷойгир аст, ки рӯзона ба он садҳо нафар аз ду тараф меоянд ва табодули мол мекунанд. Тиҷорат сол ба сол дар ин бозор ривоҷ меёбад, вале як монеае ҳаст, ки кори тоҷиронро мушкил кардааст (видео аз Директ)

- Молҳои нав дар Корвон, молҳое, ки пеш аслан набуд. Молу маҳсулоти Ӯзбакистон дар бозорҳои Тоҷикистон бахусус дар бозори калонтарини Душанбе серхаридор шудаанд. Ҳамкорони мо ба ин бозор рафтанд (видео)

- Илҳом Юнусов: "Пешниҳоди президент дуруст аст". Эмомалӣ Раҳмон ба вазорати маориф дастур дод, ки дар мактабҳои миёнаи кишвар дарси шоҳмот ҷорӣ кунанд. Мусоҳиба бо Илҳом Юнусов, дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон (видео)

- Маро бо ҳиҷоб ба тӯй роҳ надоданд. Мақомоти расмӣ эътироф мекунанд, ки дар сурати бо ҳиҷоб ва ё либоси исломӣ ба идораи ақди никоҳ омадани арӯс ва ё меҳмонон, ба ҷуфти ҷавон ақди никоҳ намедиҳанд (видео)

- 7340 кило оши палов дар як дег-рекорди нави ҷаҳонӣ. Рӯзи ҷумъа ошпазҳои ӯзбек бо таҳияи 7340 кило оши палов дар як дег рекорди нави ҷаҳонӣ гузоштанд. Намояндаи китоби Гиннес ин рекордро тасдиқ кард. (видео)

- Дар Санкт Петербург ба эътирози ҳомиёни мусулмонони Мянмар иҷозат надоданд. Рӯзи якшанбе пулиси Санкт Петребург гирдиҳамоии бидуни иҷозати тахминан 150 ҷонибдори мусулмонони Мянмарро паровандка кард. Дар наворе, ки хабаргузории Фонтанка.ру дар шабакаи ютюб гузоштааст, садои тоҷикон ба ҳам шунида мешавад. (видео)

- Ишқобод дар арафаи Бозиҳои осиёӣ. (нигористон)

- Ҳаҷ бар пояи қонуни нав: ончи ки барои зоирони тоҷик иҷозат аст. (видеои Настоящее время)

- Муаррифии шакли аввалияи алифбои лотинӣ ба вакилони порлумони Қазоқистон​. (видеои Настоящее время)

- Президенти Латвия пешниҳод кард, ки ба ҳамаи кӯдакони бешаҳрвандиҳо шаҳрвандӣ дода шавад. (видео аз Директ)​

- Доираи салоҳиятҳои маҷлиси шаҳрии Москва: аз ташкили чорабиниҳои ҷашниву консертҳои ноҳиявӣ то кадом як мусобиқаҳои варзишӣ ва ғайра. Хеле кам. (видео Директ)

- Маркази Майами дар туфони "Ирма" зери об монд (видео)

- Дар наздикии Ground Zero калисои православҳо барқарор мешавад. (видеои Настоящее время)​

- Ҷашнвораи "КаZантип"-и Қрим: ончи аз бузургияш боқӣ мондааст. (видео аз Директ)

- Ахтем Чийгоз: аз эътироз то ҳукм. 11 сентябр додгоҳи Қрим яке аз роҳбарони тоторҳои Қрим Ахтем Чийгозро 8 сол зиндонӣ кард (видео аз Директ)​

- Батумӣ дар моҳи сентябр (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG