Ссылки доступа

Шӯрои амният зидди Куриёи Шимолӣ таҳримҳои нав эълом кард


Шӯрои амнияти СММ рӯзи душанбе дар посух ба озмоиши шашум ва нирӯмандтарини ҳастаии Куриёи Шимолӣ, ки 3 сентябри соли равон анҷом шуд, зидди Пхенян таҳримҳои нав эълом кард.

Баъзе аз чораҳои пешниҳодии ИМА бо пойфишории ҷониби Чину Русия рад шуданд. Пекину Москва мегӯянд, пурра таҳрим кардани интиқоли нафти Куриёи Шимолӣ ва чораҳои ҳамсони дигар созанда нестанд ва вазъро дар нимҷазираи Куриё бадтар хоҳанд кард.

Маъмурияти президент Доналд Трамп гуфта буд, танҳо бо роҳи эъломи таҳримҳои шадид мешавад Пхенянро маҷбур кард, то аз барномаҳои ҳастаию мушакияш даст кашад ва роҳи гуфтушунидро пеш гирад.

Қатъномаи нави Шӯрои амният содироти маҳсулоти нассоҷӣ аз Куриёи Шимолӣ ва интиқоли гази табииро ба ин кишвар манъ ва фурӯши нафту маҳсулоти нафтии онро маҳдуд мекунад. Санад аз кишварҳои ҷаҳон низ даъват мекунад, то тамоми киштиҳоеро, ки ба Куриёи Шимолӣ мераванд ё аз он хориҷ мешаванд, тафтиш кунанд.

Ба қатънома пешниҳодҳои аслии ИМА, ки хоста буд, сафарҳои хориҷии президенти Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин таҳрим ва дороиҳояш дар хориҷ ба ҳабс гирифта шаванд, шомил нагаштанд.

XS
SM
MD
LG