Ссылки доступа

Расонаҳо: Путин номзадиашро ба мақоми президентӣ моҳи ноябр эълон мекунад


Барномаи роҳбурдӣ ё стратегияи маъракаи интихоботи президентии Владимир Путин тақрибан омода буда, аз ду марҳила иборат аст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсантъ" бо такя ба манбаъҳояш аз Кремл хабар медиҳад.

Марҳилаи аввал барои моҳи ноябр пешбинӣ шудааст. Дар ҷараёни марҳилаи нахуст Владимир Путин расман дар бораи пешбарии номзадиаш ба мақоми президент хабар медиҳад. Тавре манбаъ мегӯяд, пешбарии номзадӣ дар шакли "муколама бо шаҳрвандон хоҳад буд, ки шаҳрвандон аз президент дархости номзад шуданро мекунанд". Тирамоҳ президенти Русия дар чанд ҷамъомад ширкат мекунад. Кремл ба кушодашавии ёдгории Рӯзи гиромидошти хотираи қурбониёни таъқибҳои сиёсӣ, ки 30 октябр дар шаҳри Москва дар назар аст, омода мешавад. Ба ҷуз ин ду маъракаи дигар -- Рӯзи ягонагии мардум, ки 4 ноябр таҷлил мешавад ва 100-солагии инқилоби 7 ноябр, дар назар аст.

Марҳилаи дувум -- пешбарии ҳуқуқии Путин ба ҳайси номзади худпешбар бо ҷамъоварии имзоҳо дар кутоҳтарин муҳлат аст, менависад нашрия. Кремл аллакай ба мақомоти минтақаӣ муроҷиат кардааст, рӯйхати одамонеро омода кунанд, ки метавонанд дар интихоботи соли 2018 шахсони бовариноки Путин шаванд. Дархост шудааст, ки дар рӯйхат чеҳраҳои нав ва ҷавононро шомил кунанд.

Интихоботи президентӣ дар Русия 18 марти соли 2018 дар назар аст. Владимир Путин то кунун расман эълон накардааст, ки дар интихобот ширкат хоҳад кард ё на. Бар пояи назарпурсии моҳи июли "Маркази Левада", аксари сокинони Русия (66%) мехоҳанд, Путин як даври дигар президент интихоб шавад.

XS
SM
MD
LG