Ссылки доступа

Дар Самарқанд клубҳои шабона макони танфурӯшон шудаанд


Фаъолони "Иттиҳоди ҷавонони Ӯзбекистон" ҳамроҳ бо кормандони мақомоти қудратӣ дар клубҳои шабонаи Самарқанд рейд гузарониданд. Хабар дода мешавад, ки нисбати соҳибони чунин муассисаҳо чораандешӣ шуда, сарнавишти баъдинаи духтарони боздоштшуда номаълум аст.

Расонаҳо менависанд, дар ҳафт клуби шабонаи Самарқанд чандин қонуншиканӣ ошкор шудааст.

"Барои мисол, клуби "Jeyran" ба фоҳишахона табдил шуда, духтарони наврас онҷо танфурӯшӣ мекунанд. Духтарони нимаӯрён дар пешорӯи меҳмонон рақсҳои беодобона мекунанд", - менависанд расонаҳо.

Яке аз духтарони боздоштшуда, ки 20 сол дорад, дар идораи пулис гуфт, вазъи бади хонаводагӣ ӯро маҷбур кардааст, бо тани нимабараҳна рақс кунад.

"Як сол аст, ки ба ин кор машғулам. Ман фарзанд дорам. Модарам бемор аст, падарам дар ҳеч куҷо кор намекунад. Дар як шаб то 40-50 ҳазор сӯм (наздики 5 доллар) кор мекунам, ки хонаводаамро бо нон таъмин намоям. Ягон ҳунари дигар надорам, зеро соҳиби маълумот нестам", - гуфт раққосаи 20-сола.

Дар рафти рейд 11 духтар дар клубҳои шабонаи Самарқанд боздошт ва ба идораи пулис интиқол дода шуданд.

XS
SM
MD
LG