Ссылки доступа

Ҳукумати Қирғизистон даъвояшро зидди "Қумтор" пас мегирад


Қирғизистон даъвоҳояшро зидди ширкати "Сентерра Голд Инк.", ки дар робита ба ҷуброни зарари муҳитзистӣ аз кони "Қумтор" ба додгоҳ муроҷиат карда буд, пас мегирад. Дар ин бора раиси Кумитаи давлатии саноат, энержӣ ва захоири табиии Қирғизистон Улан Рисқулов хабар дод.

Ба гуфтаи вай, бар пояи ҳуҷҷате, ки аз сӯи ҳукумати Қирғизистон ва ширкати Канада 11 сентябр имзо шудааст, "Сентерра Голд Инк." низ даъвоҳояшро зидди Қирғизистон пас мегирад.

"Мо ба додгоҳи байналхалқӣ барои ҷуброни зарари зистмуҳитӣ даъво бурдем. Онҳо дар навбати худ, бо даъвоҳои мо розӣ нашуда, гуфтанд, ки "ҷониби Қирғизистон созишномаи соли 2009-ро риоя намекунад" ва ба додгоҳи ҳакамии байналхалқӣ шикоят бурданд. Акнун бар пояи созишномаи имзошуда мо даъвоямонро пас мегирем ва "Сентерра" низ аз даъвояш мегузарад. Ин тасмим ҳар ду ҷонибро қонеъ кард", - гуфт Рисқулов.

Ёдрас мешавем, ки созишномаи имзошуда миёни Қирғизистон ва "Сентерра Голд Инк." "Созишнома дар бораи ҳифзи муҳити зист ва рушди сармоягузорӣ" ном дорад. Ин созишнома дар сурати фаъолияти кон таъсиси шароити навро барои беҳбуди муҳити зист пешбинӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG