Ссылки доступа

Додситон хост, кормандони Оҷонсии зиддифасод аз 7 то 17 солӣ зиндонӣ шаванд (видео)


Фирӯз Холмуродзода
Фирӯз Холмуродзода

Шаш мақоми баландпояи пешини Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, ки ба қаллобӣ, гирифтани пора ва ҷиноятҳои дигар айбдор мешаванд, 12 сентябр дар додгоҳ сухани охирини худро ироа карданд.

Мурофиаҳои онҳо дар Додгоҳи олии кишвар пушти дарҳои баста баргузор мешавад. Айбдоркунандаи давлатӣ 12 сентябр аз додрас хост, ки Фирӯз Холмуродзода 17 сол, Фирдавс Абдуғаффорзода 15 сол, Амиршо Султонзода 12 сол, Қосим Давлатов 7 сол, Афзалов 7 сол ва Сафаралӣ Ҳомидзода 7 сол зиндонӣ шаванд.

Бино ба хабарҳо, гумонбароон дар навбати худ аз додрас хостаанд, ки ҳукми онҳоро "одилона" ва "аз рӯи инсоф" содир кунад.

Мурофиаи нахустини даҳ корманди боздоштшудаи Оҷонсии зиддифасоди кишвар 19 июл дар Додгоҳи олӣ оғоз шуда буд. Дар курсии айбдорӣ, ҳамроҳи онҳо 3 корманди Хадамоти гумрук ва Додситонии кулли Тоҷикистон низ нишастаанд.

27 июл ҳукми ду мақоми пешини баландпояи дигари оҷонсӣ – Давлатбек Хайрзода, муовини собиқи раиси Оҷонсии зиддифасод ва Фаридун Беназирзода, муовини раиси идораи гумруки Хуҷанд дар доираи ин парванда содир шуда, 10,5 солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд.

Султонзода: Арестованы 10 сотрудников антикоррупционного ведомства
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:35 0:00

XS
SM
MD
LG