Ссылки доступа

Дар Русия баъди хабари бомбгузорӣ мактабу фурӯшгоҳ ва истгоҳҳоро тахлия мекунанд (видео)


Дар бузургтарин шаҳрҳои Русия, сар аз шоми 10 сентябр фурӯшгоҳ, мактаб, донишгоҳ, бинои маъмурӣ, кинотеатр ва марказҳои фароғатиро тахлия мекунанд.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар баъзе ноҳияҳо гуфтанд, ки тамрин мегузаронанд. Вале мақомот мегӯянд, ягон хел тамрин нест. Дар ҳамаи минтақаҳо биноҳоро баъди занги афроди ношинос дар бораи бомбгузорӣ ва пайдо шудани ашёи бесоҳиб холӣ мекунанд.

. ​Новий Уренгой: баъди занг дар бораи бомбгузорӣ истгоҳ, қасри фарҳанг ва маркази савдоро тахлия карданд.​

. Перм: ба пулис дар бораи маводи таркандае хабар доданд ва дар натиҷа беш аз 5 ҳазору 700 одам ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуд.

  • Красноярск: якбора одамонро аз як қатор фурӯшгоҳҳо берун оварданд.Тахлия баъди дастрас шудани иттилоъ дар бораи ашёи шубҳанок оғоз шуд.
  • Магадан: одамонро аз ду кинотеатр, бозор ва чаҳор мактабу ду донишгоҳ берун оварданд.
  • Сахалини Ҷанубӣ: баъди як чанд занги телефонӣ дар бораи бомбгузорӣ биноҳои фурӯшгоҳ, шаҳрдорӣ ва ҳукумати вилоятро тахлия карданд.
  • Владивосток: панҷ фурӯшгоҳ, истгоҳ ва хобгоҳро баъди занг дар бораи бомбгузорӣ шудани биноҳо холӣ карданд.
  • Челябинск ва Копейск: мардумро баъди занги телефон дар бораи пайдо шудани ашёи шубҳанок аз 10 маҷмаи фароғатию тиҷорӣ берун оварданд.
  • Екатеринбург: шахси ношиносе ба пулис занг зада, дар бораи бомбгузорӣ хабар додааст ва дар натиҷа истгоҳ, маркази савдоро тахлия карданд.
  • Новосибирск: баъди хабари бомбгузорӣ истгоҳ, меҳмонхона ва клубҳоро тахлия карданд.
  • Ставропол: бинои маъмурияти шаҳр, фурӯшгоҳҳо, мактабҳо, ва донишгоҳу хобгоҳҳоро тахлия карданд. Як "авбоши телефонӣ" 42 бор дар бораи бомбгузорӣ шудани биноҳо хабар додааст.
  • Уфа ва Стерлитамак: ҳафт фурӯшгоҳро тахлия карданд.
  • Омск: шаҳрдорӣ, фонди нафақа, кинотеатрҳо, мактабҳо, фурӯшгоҳҳо ва меҳмонхонаҳоро баъди занг дар бораи бомбгузорӣ холӣ карданд.
  • Брянск: одамони беш аз 10 фурӯшгоҳро пас аз занги афроди ношинос дар бораи бомбгузорӣ берун оварданд.
  • Рязан: Баъди расидани хабар дар бораи бомбгузорӣ шудани биноҳо 11 фурӯшгоҳро холӣ карданд.

XS
SM
MD
LG