Ссылки доступа

Донишҷӯёни тоҷикро аз боло назорат мекунанд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Бо ҳиҷоб ба мактабҳои Қазоқистон роҳ намедиҳанд (видео аз Қазоқистон)​

- Донишҷӯёни тоҷикро аз боло назорат мекунанд. Донишгоҳҳои Тоҷикистон ба хотири назорати дарсҳо ва иштироки донишҷӯёну муаллимон дар синфхонаҳои худ бори нахуст камераҳои назоратӣ насб кардаанд. Масъулини донишгоҳҳо бовар доранд, ки бо насби камераҳо метавонанд сифати таълимро беҳтар намоянд (видео аз Директ)

- Зиндонии 72-солае, ки худро 30-сола эҳсос мекунад. Самандар Қуқанов яке аз аввалин зиндониёни сиёсӣ дар Ӯзбекистон мегӯяд, ӯро маҳз бо фармони Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешин зиндонӣ карданд. Самандар Қуқанов баъди 24 соли зиндон моҳи ноябри соли 2016 озод шуд ва ахиран бо расонаҳо суҳбат кард (видео аз Директ)

- Додситон ҳабси тӯлонии мақомдорони собиқи идораи мубориза бо фасодро талаб кард (видео)

- Афкори волидон: "Ту беҳтарин мардикор мешавӣ". Дар шаҳри Хуҷанд филми наве ба намоиш гузошта шуд, ки дар бораи оқибатҳои бади муҳоҷират барои ҷомеаи тоҷик қисса мекунад. Филми "Тангно"- ро дар Панҷакент ба навор гирифтаанд ва рӯзи 11-уми сентябр дар Хуҷанд муаррифӣ карданд.

- Дар саросари Русия мавҷи хабари дурӯғ дар бораи мингузорӣ пароканда шуд. Пушти ин хабар кӣ меистад? (видеои Настоящее время)

- Таҳримҳои нав, ки Шӯрои Амнияти СММ бо иттифоқи оро зидди Куриёи Шимолӣ ҷорӣ кард (видео аз Директ)

- Дар Москва тахтаи ёдгории Немтсовро канданд (видео аз Директ)​

- Маргу зиндагии Алтинбек Сарсенбоев. 12 сентябри соли 2017 сиёсатмадори мухолиф Алтинбек Сарсенбоев, вазири пешини иттилоот ва ҳамраиси пешини ҳизби "Ак жол" агар умр вафо мекард, 55-сола мешуд (нигористон)

- "Фурсати дасти дувум": дар саҳнаи театри Чехия китоби Светлана Алексиевичро мебозанд (видеои Настоящее время)

- KYRNET: Аз ду яхдон то ҳафт вилоят (видео)

- "Матилда"-ро манъ карданд. Дар яке аз толорҳои синамои Москва 11 сентябр намоиши филми Алексей Учител "Матилда" ба нақша гирифта шуда буд. Аммо рӯзи душанбе да сомонаи толори синамо эълони бекор кардани пахши филм нашр шуд (видео аз Директ)

- Туркманистон: Аксҳои ҳафта (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG