Ссылки доступа

Номаи масъулини зиндонҳои Ӯзбекистон ба хонаводаи "маҳбусони мазҳабӣ"


Дар Ӯзбекистон хонаводаи шахсоне, ки бо ангезаҳои динӣ зиндонӣ шудаанд, аз маҳбас нома дарёфт менамоянд. Дар ин номаҳо дар бораи анҷоми муҳлати ҷазои зиндониён хабар дода шуда, аз наздиконашон даъват мешавад, ки онҳоро омада, бибаранд.

Дар ин бора ҳомии ҳуқуқ аз Андиҷон Саиҷахон Зайнобиддинов хабар медиҳад. Ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқи ӯзбек, дар Ӯзбекистон ин гуна таҷриба бори нахуст мушоҳида мешавад.

"Бо яке аз ин хонаводаҳо шахсан суҳбат доштам. Дар номае, ки онҳо дарёфт карданд, дар бораи санаи озодшавии писарашон хабар дода шудааст. Маъмурияти зиндон аз волидайни маҳбус даъват кардаанд, ки омада, фарзандашонро баранд. Ин ҷавон бояд 27 сентябр ба Андиҷон баргардад. Ба ман хабар доданд, ки дар Андиҷон чанд хонаводаи дигар низ чунин нома дарёфт кардаанд", - афзуд Зайнобиддинов.

Ба назари ӯ, бо сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев муносибати мақомоти Ӯзбекистон бо "маҳбусони мазҳабӣ" тағйир ёфтааст. "Фикр мекунам, мақомот бо фиристодани нома ба хонаводаи маҳбусоне, ки бо ангезаҳои динӣ зиндонианд, мехоҳанд, нишон диҳанд, ки сиёсати давлат дар робита ба диндорон ба тарафи мусбат тағйир ёфтааст", - гуфт ӯ.

Ёдрас мешавем, пештар хабар доданд, ки мақомоти Ӯзбекистон бозбинии парвандаи мусулмононеро, ки дар "рӯйхати сиёҳанд" оғоз кардаанд. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, то ҳол наздики 16 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон аз рӯйхати маъруф ба аъзои равияҳои тундгароии динӣ хориҷ шуданд.

XS
SM
MD
LG