Ссылки доступа

Пешгирӣ аз ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Туркманбошӣ


Дар Туркманистон охири моҳи гузашта аз як теракт пешгирӣ шудааст, хабар медиҳад сомонаи "Хроника Туркменистана". Ба навиштаи сомона, ин ҳодиса 28 август дар бандари шаҳри Туркманбошӣ рух додааст.

Мақомоти Туркманистон ду нафарро боздошт кардаанд.

"28 август дар бандари шаҳри Туркманбошӣ мақомоти махсуси Туркманистон аз теракт пешгирӣ карданд. Боздоштшудаҳо ду бародар ҳастанд, ки ҳоло ному насаби онҳо ифшо нашудааст. Онҳо талош карданд, маводи таркандаро ба киштии "Бахтиёр", ки миёни шаҳри Туркманбошӣ ва Бокуи Озарбойҷон равуо мекунад, ворид созанд", - менависанд расонаҳои Туркманистон.

Ду бародар низ дар ин киштӣ билет доштаанд. Киштӣ 170 мусофир ва даҳҳо мошин бор карда буд. Боздоштшудаҳо ният доштанд, дар обҳои ҳудуди Туркманистон дастгоҳи таркандаро фаъол кунанд.

Моҳи июни соли ҷорӣ мақомоти амниятии Туркманистон дар бораи эҳтимоли терактҳо огоҳӣ гирифтанд. Мақомоти Туркия ҳамтоёни туркманашонро огоҳ карданд, ки эҳтимол дорад, дар Туркманистон "бо услубҳои ДИИШ" теракт анҷом шавад.

XS
SM
MD
LG