Ссылки доступа

Рӯзноманигори қирғизро барои "ангехтани адовати миллӣ" 4 сол зиндонӣ карданд


Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек рӯзноманигори қирғиз Зулфиқор Сапановро дар барангехтани адовати миллӣ айбдор эълом ва чаҳор сол аз озодӣ маҳрум кард. Дар ин бора ҳамасари рӯзноманигор Гулбарчин Иброева иттилоъ дод.

Мурофиаи нахустини Сапанов 5 июли соли равон баргузор шуда, айбдоркунандаи давлатӣ барои ӯ 6 соли зиндонро талаб карда буд. Ба гуфтаи Иброева, онҳо тасмим доранд, аз болои ин ҳукм ба додгоҳи шаҳрии Бишкек шикоят баранд.

Сапанов соли 2016 китоберо зери унвони "Кидир санжираси" чоп кард, ки вокунишҳоеро ба бор овард. Намояндагони як қатор созмонҳои динӣ ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон муроҷиат карда, хостанд, ки зидди рӯзноманигор чора андешида шавад.

Раҳбари созмони ҷамъиятии “Акил эс, Ийман” Дуйшен Абдилдаев, руҳонӣ Қодир Маликов ва вакили пешини порлумони Қирғизистон Турсунбой Боқир ууғлу моҳи феврали соли 2016 дар як нишасти хабарӣ дар бораи китоби Сапанов изҳори назар карданд.

Маликов гуфт, "ин лоиҳаест, ки барои ангехтани бадбинии динӣ равона шудааст ва мақомоти қудратии Қирғизистон бояд муайян кунанд, ки пушти он кӣ меистад".

Вале худи муаллиф мегӯяд, дар китоби ӯ ҳеч гуна даъват зидди диндорон сурат нагирифтааст. Ба гуфтаи рӯзноманигор, китоби ӯро ҳатто коршиносони мустақил ташхис накардаанд.

XS
SM
MD
LG