Ссылки доступа

Жанболат Мамай ҳукми додгоҳро ба чолиш намекашад


Рӯзноманигор Жанболат Мамай, ки аз сӯи додгоҳи шаҳри Алмато бо моддаи "пулшӯӣ" тавассути нашрияаш маҳкум шудааст, гуфт, ният надорад ба зинаи болоии додгоҳ шикоят барад. Вай дар ин бора 12 сентябр дар мулоқот бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони расонаҳо хабар дод.

Евгений Жовтис, ҳомии ҳуқуқи қазоқ гуфт, айбҳои эълоншуда нисбати Жанболат исбот нашуданд.

Жанболат Мамайи 29-сола, муҳаррири нашрияи акнун басташудаи "Саяси қалам. Трибуна" моҳи феврали соли ҷорӣ бо айби пулшӯӣ боздошт шуд. Мақомот мегӯянд, вай дар қонунӣ кардани пулҳои бонкдори пешини қазоқ Мухтор Аблязов даст дорад.

Мамай ва ҷонибдоронаш айбҳоро бофта меноманд. 7 сентябри соли ҷорӣ додгоҳ рӯзноманигорро айбдор дониста, озодиҳои ӯро 3 сол маҳдуд кард. Додгоҳ ҳамчунин молу мулки ӯро мусодира намуд. Мамай аз толори додгоҳ раҳо шуд. Ин рӯзноманигори қақоз шикоят бурдан ба зинаҳои болоиро "талафи беҳудаи вақт" медонад.

XS
SM
MD
LG