Ссылки доступа

Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа аз кор монд


Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қӯрғонтеппа -– маркази вилояти Хатлон аз кор бозмонда, беш аз 120 кормандашро ба рухсатии бемузд фиристодааст. Дар ин фурудгоҳ то 200 нафар кор мекарданд.

Шамс Исоев, яке аз муҳандисони фурудгоҳи Қӯрғонтеппа гуфт, “то моҳи майи имсол ширкати русии “Вим Авия” дар масири Москва-Қӯрғонтеппа-Москва парвоз анҷом медод. Аммо он парвозҳояшро қатъ кард ва маъмурияти фурудгоҳ бинобар набуди даромад ва қарздорӣ аз андоз маҷбур шуд, бештари коргаронро ба рухсатии бемузд фиристад”.

Елена Федорова, роҳбари шуъбаи робита бо ҷомеаи ширкати “Вим-Авиа” дар Москва 12 сентябр қатъи парвозҳои ширкатро аз фурудгоҳи Қӯрғонтеппа ба камбуди мусофир рабт дод. "Бинобар кам будани мусофирон ва напӯшондани харҷи парвозҳо раҳбарияти тиҷорӣ тасмим гирифт, ки парвозҳоро ба самти Қӯрғонтеппа қатъ кунад”, - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа, ки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ аз кор монда буд, соли 2010 дубора ба кор даромад ва ба воситаи он асосан ширкати “Ист Эйр”-и Русия дар як ҳафта аз 8 то 16 парвозро ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Новосибирск ва Самара анҷом медод. Аммо Вазорати нақлиёти Тоҷикистон муҷаввизи ин ширкатро бекор кард ва “Ист Эйр” ночор аз бозори Тоҷикистон берун рафт.

Ин фурудгоҳ худ ҳавопаймо надорад ва аз ҳисоби хидматрасонӣ ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ даромад ба даст меорад.

XS
SM
MD
LG