Ссылки доступа

Дарсад ё ҳаққи хидмат – Муштариён 20 дирамро барои чӣ супоранд? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 12-уми сентябри соли 2017 (HD)

- Дарсад ё ҳаққи хидмат – Муштариён 20 дирамро барои чӣ супоранд? Дар пайи манъи ситондани фоиз аз маблағи муштариён дар терминалҳои пардохт, моликони баъзе аз ин ширкатҳо шеваҳои нави гирифтани ҳақмуздро ҷорӣ кардаанд. (видео)

- Ҳаёти муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Қирғизистон ҳам осон набудааст. Роҳати 17-сола дар хона саробон аст. Хоҳари бузургаш Турсуной наметавонад, ки барои ӯ кумак кунад, зеро нуқси ҷисмонӣ дорад ва худаш низ дастнигар аст. (видео)

- Куштори мақомдори додгоҳи ноҳияи Восеъ ва муаррифии филми "Тангно". (видео)

- Мусофирбарҳои Душанбе – Дер ояду пур ояд. Шаҳрдории Душанбе дар як номаи расмӣ аз ҳукумат ва Вазорати маорифи Тоҷикистон хостааст, ки замони шурӯи дарс дар донишгоҳҳои пойтахтро аз соати 9 таъин кунанд. (видео)

- Донишҷӯёни тоҷикро аз боло назорат мекунанд. Донишгоҳҳои Тоҷикистон ба хотири назорати дарсҳо ва иштироки донишҷӯёну муаллимон дар синфхонаҳои худ бори нахуст камераҳои назоратӣ насб кардаанд. Масъулини донишгоҳҳо бовар доранд, ки бо насби камераҳо метавонанд сифати таълимро беҳтар намоянд (видео аз Директ)

- Додситон ҳабси тӯлонии мақомдорони собиқи идораи мубориза бо фасодро талаб кард (видео)

- Афкори волидон: "Ту беҳтарин мардикор мешавӣ". Дар шаҳри Хуҷанд филми наве ба намоиш гузошта шуд, ки дар бораи оқибатҳои бади муҳоҷират барои ҷомеаи тоҷик қисса мекунад. Филми "Тангно"- ро дар Панҷакент ба навор гирифтаанд ва рӯзи 11-уми сентябр дар Хуҷанд муаррифӣ карданд.

- Мусулмонони ҳиндӣ талаб доранд, ки ҳукуматашон бар зидди ҳукумати Мянма иқдом кунад. (виедо)

- Кӯшиши нокоми бомбгузории маргталбона дар Арабистони Саудӣ. (видео)

- Мусофиркашҳо зидди манъи таксиҳое, ки чамбаракашон аз тарафи рост аст. (видео аз Қирғизистон)

- Коллеҷи касбии мадрасаҳо: дар мактабҳои исломӣ ба донишомӯзон дар баробари дин касб ҳам меомӯзонанд. (видео аз Директ)

- SERB, Ҳаракати озодибахши миллӣ ва "Сорок сороков": Русияро аз фашизм кӣ "ҳимоят" мекунад. (видеои Настоящее время)

- Суҳбати Радиои Озодӣ" ва "Садои Амрико" бо сафири ИМА дар Русия Ҷон Теффт: Дар бораи виза, коҳиши ҳайати дипломатӣ, Украина, Куриёи Шимолӣ, Сурия ва президент Доналд Трамп (видео аз Директ)​

- Ҷашнвораи филмҳои исломӣ дар Қазон. (нигористон)

- Баъди "Ирма": чи гуна аёлати Флорида ба худ меояд. (видеои Настоящее время)

- "Матилда"-ро манъ карданд. Дар яке аз толорҳои синамои Москва 11 сентябр намоиши филми Алексей Учител "Матилда" ба нақша гирифта шуда буд. Аммо рӯзи душанбе да сомонаи толори синамо эълони бекор кардани пахши филм нашр шуд (видео аз Директ)​

- Ҳиндуёни воқеии Пермский Край. "Одам дар харита", 9 қисм. (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG