Ссылки доступа

Гуфтугӯи ИМА ва Русия дар мавриди кам кардани силоҳҳои таҳоҷумӣ


Иёлоти Муттаҳида ва Русия ният доранд, дар фурстаҳои наздик дар сатҳи коршиносон шартномаи кам кардани силоҳҳои таҳоҷумии стратегиро, ки соли 2010 имзо шудааст, ба баррасӣ бигиранд.

Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рябков баъди анҷоми мулоқот бо муовини котиби давлатии ИМА Томас Шэннон 12 сентябр дар шаҳри Хелсинкии Финландия ба расонаҳои русӣ хабар дод, ҷонибҳо ба созиш расидаанд, ки шартномаи мазкур бояд бе қайду шарт амалӣ шавад.

Шартнома дар бораи чораҳои дар оянда кам ва маҳдуд кардани силоҳҳои таҳоҷумии стратегӣ кам кардани кулоҳакҳои ҳастаиро аз ҳар ду ҷониб то 1 550 адад ва шумори мушакҳоро то 800 адад пешбинӣ мекунад. Ин яке аз камтарин шартномаҳоест, ки дар пасманзари шиддат гирифтани муносибатҳои Вашингтону Москва, аз ду ҷониб риоя мешавад.

Иёлоти Мутаҳҳида пештар Русияро бо он айбдор кард, ки шартнома дар бораи маҳв кардани мушакҳои кутоҳпарвоз ва миёнапарвозро риоя намекунад, Москва дар навбати худ эълон кард, ки аз шартнома дар бораи маҳви силоҳҳои плутония хориҷ мешавад. Ба иддаои Москва, Вашингтон уҳдадориҳояшро дар доираи ин шартнома иҷро намекунад.

Рябков баъди мулоқот бо Шэннон гуфт, дар масъалаи баргардонидани намояндагиҳои дипломатии Русия дар ИМА - бинои консулгарӣ дар Сан-Франсиско ва ду намояндагии тиҷоратии Русия дар Иёлот, ки ибтидои моҳи ҷорӣ баста шуданд, ҳеч пешравиеро намебинад.

XS
SM
MD
LG