Ссылки доступа

Гузоришгари махсуси СММ: 15 ҳазор маъюб дар Қазоқистон дар муассисаҳои пӯшида нигаҳдорӣ мешавад


Гузоришгари махсуси СММ дар умури ҳуқуқи одамони маъюб Каталина Девандас Агилар аз муносибати нохуби одамон ва рафтори бераҳмона дар муассисаҳои нигаҳдории маъюбон шикоят дарёфт кардааст. Дар ин бора вай 12 сентябр дар ҷаласае дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баъди як рӯзи сафар ба ин кишвар хабар дод.

"Бар асоси Конвенсияи ҳифзи ҳуқуқи одамони маъюб, чунин афрод ҳаққи зиндагии мустақилонаро дар ҷамъият доранд, аммо дар воқеъ ин мушкили бузург аст. Дар кишвар 15 ҳазор одам - кӯдакону калонсолон, ки маъюб ҳастанд - дар муассисаҳои пӯшида зиндагӣ мекунанд ва бо ҷомеа робита надоранд. Дар чунин муассисаҳо хушунату рафтори номақбул мушоҳида мешавад, ман чунин шикоят дарёфт кардам", - гуфт Каталина Девандас Агилар.

Ба андешаи вай, сохтмони биноҳо ва муассисаҳое, ки барои маъюбон пешбинӣ шудаанд, аз пойдевор нодуруст ҳастанд.

"Ман ба ҳукумат тавсия медиҳам, ки қабули маъюбонро ба чунин муассисаҳо манъ кунад ва тасмими бастани муассисаҳои мазкурро рӯи даст гирад ва низоми ҳимоят аз маъюбонро дар сатҳи ҷомеа рушд диҳад. Зиндагӣ дар муассисаҳо набояд ҳамчун афзалият ва ё ҳамчун ҳифзи иҷтимоӣ баҳо дода шавад", - гуфт вай.

XS
SM
MD
LG