Ссылки доступа

Ҳалокати раиси фурудгоҳи Хоруғ аз боди чархболи президент


Сардори фурудгоҳи Хоруғи вилояти Бадахшон Дилдор Мақсудшоев ҳангоми боло шудани чархболи президенти Тоҷикистон аз деҳаи Яхчи Сори ноҳияи Дарвоз аз вазиши бод ба санге бархӯрда, дар натиҷаи бардоштани ҷароҳати вазнин дар роҳ ба беморхона ҷон додааст.

Як манбаъ дар Раёсати умури дохилии вилояти Бадахшон ҳалокати Мақсудшоевро тасдиқ кард ва гуфт, “ин як тасодуф буд”. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, 13 сентябр дар доираи як сафари корӣ дар деҳаи Яхчи Сори Дарвоз қарор дошт.

Як манбаи дигар дар ҳукумати ноҳияи Дарвоз гуфт, сардори фурудгоҳ рӯи қолине қарор дошт, ки ба пешвози президент густарда буданд. “Ҳангоми парвози чархбол бод қолинро ба сари Мақсудшоев зад ва ӯ бо қолин афтод. Сараш ба санг бархӯрд ва сахт маҷруҳ шуд”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Мақомоти маҳаллӣ ҳалокати раиси фурудгоҳи Хоруғро "тасодуф" номиданд. Ҷасади Мақсудшоев ба Хоруғ интиқол ёфта, қарор аст, имрӯз, 14 сентябр маросими дафни ӯ баргузор шавад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 13 сентябр ба ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ва ноҳияи Дарвози вилояти мухтори Бадахшон сафари корӣ дошт. Ӯ дар Яхчи Сори Дарвоз манзилҳоеро, ки барои сокинони осбедида аз сел бунёд шуда буданд, ифтитоҳ ва бо мардум сӯҳбат кард.

XS
SM
MD
LG