Ссылки доступа

Ӯзбекистон ба мусулмонони Мянмар кумак мефиристад


Ҳукумати Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, ки ба гурезаҳои қабилаи роҳинҷа -- мусулмонони Мянмар кумаки башардӯстона фиристад.

"Вазъи ҷорӣ дар Мянмар, аз ҷумла хушунату зӯровариҳо зидди мусулмонони ин кишвар Ӯзбекистонро нигарон кардааст", - иттилоъ додааст хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

"Тошканд дар асоси принсипҳои Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар, Оинномаи СММ ва ҳадафу вазифаҳои Созмони ҳамкориҳои исломӣ ҳама гуна хушунатро маҳкум карда, ҷонибдори таъмини бечуну чарои тамоми ҳуқуқҳои ҳар як инсон, новобаста аз нажод, ранг, ҷинс, забон, дин, ақидаи сиёсӣ ва баромади иҷтимоӣ аст", - омадааст дар иттилоияи манбаъ.

Раҳбарияти Ӯзбекистон аз ҳукумати Мянмар даъват кардааст, то барои пешгирӣ ва қатъи зӯровариҳо зидди мусулмонони бегуноҳ тамоми чораҳои лозимиро биандешад ва мушкили ба миён омадаро аз роҳи осоишта ҳал кунад.

XS
SM
MD
LG