Ссылки доступа

Гузаргоҳи нави марзии Ӯзбекистону Қирғизистон: убури беш аз 5000 кас дар як рӯз


Аз гузаргоҳи нави марзии "Достук"-и Ӯзбекистону Қирғизистон дар як рӯз, 12 сентябр беш аз 5 ҳазор одам ва ҳудуди 300 мошин убур кардаанд. Дар ин бора ҳамоҳангсози байналмилалии Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Юсуф Қурбонов ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, 13 сентябр бо мусоидати СММ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар гузаргоҳи "Достук" мулоқот карда, фаъолияти муштараки худро дар мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ кардаанд. Ҳамчунин дафтари махсусе боз шудааст, ки ба ҳамкориҳои Тошканду Бишкек мусоидат хоҳад кард.

Қарор аст, ин гуна дафтар дар гузаргоҳи марзии "Ак-Жол - Кордай"-и Қирғизистону Қазоқистон низ боз шавад. Бо пешниҳод ва дастгирии СММ шумори афсарони ҳар ду ҷониб дар гузаргоҳи мазкур афзоиш дода шуд. Қурбонов гуфт, ҳамкориҳои онҳо ба мубориза зидди қочоқи инсон, маводи мухаддир ва коррупсия равона шудааст.

Қирғизистону Ӯзбекистон 14 гузаргоҳи марзӣ доранд, ки тавассути 11-тои онҳо мошин ва се гузаргоҳи дигар қатора убур мекунад. Соли 2005, баъди ҳодисаҳои моҳи марти Қирғизистон ва Андиҷони Ӯзбекистон шароити убури марз миёни ду кишвар шадидтар шуд. Пас аз ҳаводиси соли 2010-и Қирғизистон ҳукумати Ӯзбекистон қарор кард, танҳо ба қирғизистониҳое иҷозати вуруд диҳад, ки даъватнома ё телеграмма доранд.

XS
SM
MD
LG