Ссылки доступа

Даъват барои худдорӣ аз намоиши "Матилда" дар Қазоқистон


Дар Қазоқистон аз раҳбари шабакаи филми "Арман" ба тариқи номаи электронӣ даъват шудааст, ки аз намоиши филми Алексей Учител "Матилда" худдорӣ кунанд.

Баурҷон Шукенов номаро, ки аз номи "шаҳрвандони проваслави Русия" ба тамоми раҳбарони шабакаҳои филмиву кинотеатрҳо ва мудирони соҳа фиристода шудааст, дар Фейсбук нашр кард.

"Аз намоиши "Матилда" даст кашед ва худро аз ин ифлосӣ дур нигаҳ доред. Аз ҳисоби марги руҳи худу онҳое, ки бо ин оини шоҳкушӣ фирефта месозед, даромад ба даст наоред", - омадааст дар нома.

Муаллифони нома сухани роҳиб Всеволод Чаплинро иқтибос овардаанд, ки мегӯяд, "агар "Матилда"-ро намоиш диҳанд, Русия мемирад" ва даъват кардаанд, ки дар бораи иштироки худ дар ин кор бори дигар фикр кунанд.

Вакили порлумони Русия Наталя Поклонская, ки маъракаи зидди намоиши филми мазкурро дар ин кишвар раҳбарӣ мекунад, гуфт, филм дар бораи император Николай II ва ҳунарманд Матилда Кшесинская эҳсоси диндоронро таҳқир мекунад.

XS
SM
MD
LG