Ссылки доступа

Ҳайати ҳукумати Сурия вориди Остона шуд


Остона мунтазири ширкати ҳайати мухолифони мусаллаҳи Сурия дар даври нави гуфтугӯҳои сулҳи ин кишвар аст. Дар даври навбатии гуфтугӯҳо масъалаи таъсиси минтақаи амн дар вилояти Идлиби Сурия баррасӣ мешавад.

Ба иттилои маркази матбуотии вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, 13 сентябр ҳайати ҳукуматии Сурия бо роҳбарии намояндаи ин кишвар дар СММ Башор Ҷаъфарӣ вориди Остона шуд.

Расонаҳо менависанд, дар шаҳри Остона имрӯз "мушовараи коршиносони ҳайатҳои кишварҳои кафил" дар назар аст.

Мулоқоти сатҳи баланд дар доираи гуфтугуҳои сулҳи Сурия дар Остона 14-15 сентябр доир мешавад. 15 сентябр дар меҳмонхонаи Rixos President Astana ҷаласаи умумӣ дар назар аст.

XS
SM
MD
LG