Ссылки доступа

Қимати нирӯи барқ дар Тоҷикистон аз 1 октябр боло меравад


Сокинони Тоҷикистон аз аввали моҳи октябр барои ҳар киловатт соат нирӯи барқ тақрибан 17-дирамӣ пардохт хоҳанд кард. Дар ҳоли ҳозир нархи ҳар киловатт соат нирӯи барқ барои аҳолӣ 14,65 дирам арзиш дорад.

Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи 13-уми сентябр дар як эъломияи расмӣ гуфтанд, ки тасмим бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 29-уми август гирифта шудааст. “Аз рӯзи якуми октябри соли 2017 дар қаламрави кишвар нархи ҳар киловатт соат нерӯи барқ барои тамоми категорияҳои истифодабарандагон ба ҳисоби миёна 15 фоиз (2.2 дирам) зиёд гардид”, - гуфта шудааст дар эъломияи расмии “Барқи тоҷик”.

Мақомоти ширкат гуфтаанд, ки афзоиши нархи нирӯи барқ барои аҳолии камбизоати кишвар таъсир надорад, “чун маблағи онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн мегардад”.

Аз ин қабл, Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар як барнома, ки барои се соли оянда таҳия шудааст, гуфта буд, нархи нирӯи барқ барои аҳолӣ дар се соли оянда тақрибан 2-дирамӣ боло рафта, дар соли 2020 ба беш аз 20 дирам хоҳад расид.

Боло бурдани нархи нирӯи барқ яке аз тавсияҳои ҳамешагии созмонҳои байналмиллалӣ ба мисли Бонки Ҷаҳонӣ аст. Ин созмон борҳо ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, ки нархи нирӯи барқро боло бубарад.

XS
SM
MD
LG