Ссылки доступа

Дар фурудгоҳи Ишқобод телефонҳои мусофиронро тафтиш мекунанд


Муҳтавои телефонҳои ҳамроҳи шаҳрвандони Туркманистон, ки аз хориҷ вориди кишвар мешаванд, дар фурудгоҳ тафтиш мешавад.

"Ба маҳзи фуруд омадан дар Ишқобод, ҳангоми берун шудан аз фурудгоҳ кормандони маҳаллӣ телефони маро гирифтанд ва иттилои дохилашро тафтиш карданд", - мегӯяд як мусофир бо номи Миве.

Ба гуфтаи вай, вақте аз Лондон баргашт, кормандони фурудгоҳ дар телефонаш акси як ҷавони хориҷиро дида, бо Миве дағалона гуфтугӯ кардаанд. "Шахсияти дӯстписари маро пурсиданд. Баъдан савол доданд, ки: оё дар Туркманистон ҷавон кам аст? Чаро шаҳрванди хориҷиро интихоб кардӣ? - ман шиштаму гиристам", - гуфт Миве.

Ба гуфтаи вай, телефонҳои ҳамроҳи ду ҳамсафари ӯро низ бо ин шева тафтиш кардаанд.

Дар ибтидои моҳи сентябр дар бораи чораҳои иловагии тафтиши мусофирон дар фурудгоҳ дар остонаи бозиҳои Осиёӣ хабар расид.

Бозиҳои осиёӣ дар Ишқобод аз 17 то 27 сентябр давом мекунанд.

XS
SM
MD
LG