Ссылки доступа

Тамоми ҷонибҳои гуфтугӯи сулҳи Сурия вориди Остона шуданд


Тамоми ҷонибҳои даври навбатии гуфтугӯи сулҳи Сурия дар шаҳри Остона, бо шумули намояндагони мухолифон пеш аз оғози музокирот вориди пойтахти Қазоқистон шуданд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон иттилоъ додаанд.

Дирӯз, 13 сентябр дар Остона машварати коршиносони кишварҳои ба истилоҳ кафил -- Русия, Эрон ва Туркия баргузор шуд. Даври шашуми гуфтугӯи сулҳи Сурия қарор аст, рӯзҳои 14-15 сентябр дар пойтахти Қазоқистон баргузор шавад.

"Чанде пеш тамоми ҷонибҳои гуфтугӯ вориди пойтахти Қазоқистон шуданд. Ҳамчунин як ҳайати 24- нафарӣ низ омадааст, ки гуруҳҳои гуногуни мухолифони мусаллаҳи Сурияро намояндагӣ мекунад", - навиштаанд расонаҳо бо истинод ба ВКХ Қазоқистон.

Намояндаи махсуси дабири кулли СММ дар Сурия Стаффан Де Мистура низ вориди Остона шудааст. Ба иттилои ВКХ Қазоқистон, ҳайати ИМА -ро дар гуфтугӯ иҷрокунандаи вазифаи ёвари котиби давлатии Амрико оид ба ҳалли низоъҳо дар Ховари Миёна Дэвид Саттерфилд ва мушовири сиёсии Вазорати корҳои хориҷии Урдун Науаф Уасфи Тел раҳбарӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG