Ссылки доступа

Кормандони обу корези Ишқобод аз санҷиши "бомба" нагузаштанд


Чанд корманди ширкати "Ашхабатагизсув"-и шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон ба хотири ошкор накардани қутии монанд ба маводи тарканда, ки барои санҷиш дар ҳудуди корхона гузошта шуда буд, аз мақомҳои худ барканор шуданд.

Бино ба хабарҳо аз Ишқобод, Хадамоти амнияти Туркманистон ҳафтаи гузашта дар ҳудуди корхонаи обу корези пойтахти ин кишвар бо мақсади санҷиш қутии монанд ба маводи таркандаро ҷойгир намудааст. Вале бо гузашти як шабонарӯз касе онро "ошкор" накардааст.

Дар натиҷа ду корманди "Ашхабатагизсув" ва кормандони хадамоти муҳофизат аз мақомҳояшон барканор шудаанд. Талошҳо барои дастрас кардани ҷузъиёти қазия ва шарҳи расмии намояндагони ширкат бенатиҷа буданд.

Ҳукумати Туркманистон 15 августи соли равон эълом кард, ки дар робита ба баргузории Бозиҳои осиёӣ мақомоти қудратии ин кишвар ба ҳолати омодабош гузашта, марзҳои ин кишвар баста, додани раводид маҳдуд ва назорати гумрукӣ пурзӯр шудааст.

Ин чораҳо аз 17 август, 30 рӯз пеш аз оғози Бозиҳои осиёӣ андешида шуда, то 27 сентябри соли равон идома хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG