Ссылки доступа

ИМА ҷонибдори ҳузури посдорони сулҳ дар марзи Украина бо Русия аст


ИМА аз мавқеи Украина роҷеъ ба ҷойгиршавии посдорони сулҳ дар Донбасс ҳимоят мекунад ва посдорони сулҳи СММ дар тамоми минтақаҳои зери идораи ҷудоиталабон дар шарқи Украина, ҳатто то марзи Русия бояд ҳузур дошта бошанд.

Ин нуктаро намояндаи расмии Департаменти давлатии Амрико Хизер Нойерт дар суҳбат бо хабаргузории "Укринформ"-и Украина баён дошт. Ба гуфтаи Ноймерт, ҷойгиршавии посдорони сулҳ дар минтақаҳои мазкур бояд ба барқарории тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии Украина мусоидат кунад. "Ин гуна нирӯҳо бояд салоҳияти густардатар дошта бошанд, то сулҳу амниятро таъмин ва аз ташаннуҷи авзоу ихтилофҳо дар дохили Украина пешгирӣ кунанд", - афзуд ӯ.

Ноймерт бори дигар қайд кард, ки ИМА ҷонибдори иҷрои комили қарордоди Минск аст. Пеш аз ҳама, ба гуфтаи ӯ, бояд талаботи марбут ба амнияти Донбасс иҷро шавад. Намояндаи Департаменти давлатӣ бори дигар аз Русия даъват кард, ки "низоми оташбаси воқеӣ ва устувор"-ро ҷорӣ кунад.

Русия пештар пешниҳод карда буд, ки баъди ихроҷи низомиён ва техникаи ҳарбии ҷонибҳои даргир аз хатти тамос дар шарқи Украина нирӯҳои посдори сулҳ барои ним сол ворид карда шуда, танҳо масъулияти таъмини амнияти нозирони Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ба зиммаашон вогузор шавад.

Мақомоти Киев исрор доранд, ки баъди ихроҷи "низомиёну зархаридони рус" посдорони сулҳ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳуриҳои ба истилоҳ Луҳанск ва Донетск, бо шумули марзи Украина ва Русия ҷойгир шаванд.

XS
SM
MD
LG