Ссылки доступа

Мудири шаллоқхӯрдаи мактаб гуфт, ин танҳо қисме аз бадрафториҳои раиси ноҳия аст (видео)


Яке аз мудирони мактабҳои ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон гуфт, ки бадрафторӣ ва мушту лагад дар ҷаласаҳои раиси ноҳия як меъёри маъмулист. Наворе, ки дар он раиси ноҳия мудирони мактабҳоро зару лат мекунад, 12 сентябр дар Интернет нашр шуд ва баҳсои зиёдеро ба бор овард.

Як мудири мактаб ба шарти ифшо нашудани номаш эътироф кард, дар рӯзи ҳодисаи мазкур вай аз ҳама бештар зарбу лат шудааст. Вай мегӯяд, навори нашршуда танҳо қисме аз бадрафториҳои раиси ноҳияро сабт кардааст.

"Чунин ҳодиса зиёд рух медиҳад. Пештар ҳоким ба сари кормандони дигар соҳаҳо даст мебардошт - вай деҳқонон ва роҳбарони муассисаҳои тиббиро лат мекард. Ҳолатҳое мешуд, ки раис бо шатта мезад. Ман шахсан шоҳид будам, ки раис онҳоро назди худ хонда ва баъдан бо шатта дур меронд. Эҳтимол вай фикр мекунад, ки чун ҳоким аст, пас ҳама кор барояш иҷозат аст. Аммо бо одамон чунин рафтор кардан мумкин нест. Дар навор на ҳамаи он чизе ки дар он рӯз рух дод, сабт шудааст. Он рӯз раис бархе мудиронро бо шатта аз утоқ берун кард", - гуфт мудир.

Ба гуфтаи мудири мактаб, ҳодисаи ахир рӯзи 28 август рух додааст.

"Як рӯз пешаш дар варзишгоҳи ноҳия бахшида ба Рӯзи истиқлол чорабинӣ баргузор шуд. Як соат пеш аз чорабинӣ ба мо хабар доданд, ки бояд омӯзгоронро ҷамъ оварда ба варзишгоҳ барем. Ин замоне рух дод, ки мо ба оғози соли таҳсил омода мешудем, аз ҳамин хотир фурсат пайдо накардем. Вале раис моро барои он латту кӯб кард, ки ба варзишгоҳ одами кам бурдем. Ман аз ҳама беш шаллоқ хӯрдам. Вай маро се маротиба шаппотӣ зад", - мегӯяд мудири мактаб.

Аммо ин мудир тасмим надорад ба додгоҳ ё мақомоти қудратӣ шикоят барад.

"Вай раис аст. Агар мо шикоят кунем, додситонӣ ҳатман тарафи раисро мегирад. Билохира моро айбдор мекунанд. Ин наворро бисёриҳо тамошо карданд. Бархе аз наздиконам мепурсанд, ки чаро ман ба шаллоқҳо посух надодам. Вай раис аст - ман омӯзгори қаторӣ! Агар раис омӯзгорро лат мекунанд - ин як падидаи маъмулист, вале агар омӯзгор раисро бизанад, ин аллакай ҷиноят аст. Аз ҳамин хотир мо хомӯшӣ ихтиёр кардем", - эътироф мекунад вай.

Дар ҳамин ҳол, додситонии ноҳияи Сайҳунобод хабар медиҳад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтиш шуруъ шудааст.

XS
SM
MD
LG