Ссылки доступа

"Касе батареяи гармидиҳӣ надорад, ҷарима месупорад" (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 13-уми сентябри 2017 (HD)

- Ҳалокати раиси фурудгоҳи Хоруғ аз боди чархболи Президенти Тоҷикистон. Дилдор Мақсудшоев – сардори фурудгоҳи Хоруғи вилояти Бадахшон – ҳангоми боло шудани чархболи президенти Тоҷикистон аз деҳаи Яхчи Сори ноҳияи Дарвоз аз вазиши бод ба санге бархӯрда, сахт маҷрӯҳ шуд ва дар роҳ ба сӯи бемористон ҷон дод. (видео)

- Аз кори табибони тоҷик розӣ ҳастед? Дар Тоҷикистон бар асоси қонун табобат ройгон аст, вале шикоят зиёд аст, ки табибон пул мегиранд. Сатҳи хидматрасонии табибонро ҳам танқид мекунанд, ки дуруст табобат намекунанд (видео)

- "Касе батареяи гармидиҳӣ надорад, ҷарима месупорад". Сокинони шаҳри Душанбе ҳушдор гирифтаанд, ки то 14-уми сентябр бухорӣ ё батареяҳои гармидиҳии хонаҳояшонро барқарор кунанд, вагарна ҷарима хоҳанд шуд. Бино ба эълони насбшуда дар даромадгоҳи биноҳо, аз чунин афрод пули нирӯи барқ се баробар зиёдтар ситонда мешавад (видео)

- "Аз дасти хукҳо ба дод омадем". Бо афзоиши саршумори хуки ёбоӣ дар ҷангалзорҳои минтақаи Кӯлоб ҳамла ба киштзорҳои мардум ва худи онҳо зиёд шудааст. Чандин нафар аз захми дандонҳои ашки ҷонварони ваҳшӣ маҷрӯҳ ва маъюб шудаанд (видео)

- Хиштбанд кардаанд: сокинон ба далели таъмир наметавонанд, дарро боз карда, аз хонаҳо берун бароянд.​ (видеои Настоящее время)

- Аккудик: деҳае бе обу газ ва роҳ. (видео из Қирғизистон)

- Чи гуна раиси ҷамоат дар ноҳияи Араван Жээнбековро таблиғ дорад. (видео из Қирғизистон)

​- Тӯй барои баҳои "Аъло": Донишгоҳе дар Душанбе ваъда дод, ки харҷи тӯйи арӯсии донишҷӯдухтаронро пардохт мекунад. (видеои Настоящее время)

- Дар Москва баъди занг дар бораи бомбгузорӣ 15 ҳазор одамро ба ҷойҳои бехавф кӯчонданд. (видео аз Директ)

- Дар Киев озодии Чийгоз, яке аз раҳбарони зиндонии тоторҳои Қримро талаб карданд. Дар майдони Истиқлоли Киев ба ҷонибдории яке аз раҳбарони зиндонии тоторҳои Қрим Ахтем Чийгоз тазоҳурот карданд. (видео аз Директ)​

- Таҷзия дар ҳудуди EXPO. (нигористон)

- Мансабдор мудирони мактабҳоро латту кӯб мекунад: пурмоҷаротарин ҳодисаи Ӯзбекистон. (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG