Ссылки доступа

Департаменти давлатӣ: ИМА аз ҳукми Чийғозӣ нигарон аст


Департаменти давлатии ИМА дар робита ба ҳукми зиндони муовини раиси Маҷлиси халқии тоторҳои Қрим Аҳтам Чийғозӣ изҳори нигаронӣ кард. Дар ин бора хадамоти матбуотии департаменти давлатӣ изҳорот нашр кардааст.

Департаменти давлатӣ мегӯяд, парвандаи Чийғозӣ "дар асоси айбҳои тасдиқношуда ва он ҳам пеш аз ғасби Қрим аз сӯи Русия" кушода шудааст.

"Ҳукми Чийғозӣ як иқдоми дигаре дар рӯйхати тӯлонии зидди Маҷлис ва роҳбарони он аст, ки ба далели муборизаҳояшон алайҳи ғасби Қрим аз сӯи Русия зери зарба мондаанд", - омадааст дар изҳорот.

Додгоҳи олии Қрим, ки бо фармони Русия амал мекунад, 11 сентябр Аҳтам Чийғозӣ - яке аз роҳбарони тоторҳои Қримро 8 сол зиндонӣ кард. Ӯро дар ташкили бетартибиҳои оммавии 26 феврали соли 2014 айбдор карданд.

Фаъолони шаҳрвандӣ, ҳомиёни ҳуқуқ ва чанде аз созмонҳо озодии фаврии ӯро талаб карданд.

XS
SM
MD
LG