Ссылки доступа

Назарбоев дар рӯзҳои истироҳат ба Тошканду Ишқобод меравад


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон 16 сентябр бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон меояд, хабар медиҳад маркази матбуотии президенти Ӯзбекистон.

Назарбоев бо ҳамтои ӯзбекаш Шавкат Мирзиёев дар масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба дар бахши сиёсат, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва нақлиёту иртиботот гуфтугӯ хоҳад кард.

Хабаргузориҳои Қазоқистон менависанд, ки Назарбоев 17 сентябр ба Туркманистон меравад.

Интизор меравад, президенти Қазоқистон имрӯз нишасти матбуотӣ баргузор кунад.

XS
SM
MD
LG