Ссылки доступа

Ба ҳукумати Қирғизистон пешниҳод шуд, ҳамкорӣ бо "Лигласс Трейдинг"-и чехиро қатъ кунад


Ҳукумати Қирғизистон бояд шартномаи ҳамкорӣ бо ширкати "Лигласс Трейдинг"-ро қатъ кунад. Дар ин бора вакили порлумони Қирғизистон Жанар Акаев дар ҷаласаи рӯзи 14 сентябр изҳори назар кард.

Ба гуфтаи вай, чандин расонаи ҷаҳонӣ навиштанд, ҳукумати Қирғизистон бо ширкати чехии "Лигласс Трейдинг" шартномаи ҳамкорӣ бастааст, ки таҷрибаи сохтмони неругоҳҳоро надорад ва дар робита ба вазъи молиаш низ шубҳаҳоро ба бор меорад. Вакил талаб кард, ки девони вазирон ҳарчи зудтар шартномаро бо ин ширкат қатъ кунад.

"Иттилоъ дар бораи он ки ширкати "Лигласс Трейдинг" дар суратҳисоби бонкиаш 382 миллион евро дорад, тасдиқ нашуд. Сарфи назар аз он ки вазорати корҳои хориҷии мо хулосаи рад дод, ҳукумат бо ин ширкат шартнома баст. Вале ширкат то кунун шартҳоро иҷро накардааст. То ҳол 37 миллион доллар, ки мо бояд ба ширкати "РусГидро" пардохт кунем, аз сӯи "Лигласс Трейдинг" интиқол дода нашудааст. Сентябр ҳам ним шуд, вале пардохте сурат нагирифтааст. Ҳукумат ба вакили дифои ин ширкат табдил шудааст. Ҳукумат мегӯяд муҳлат пардохт 19 сентябр ба охир мерасад", - гуфт вакил.

10 июли соли равон намояндагони ҳукумати Қирғизистон ва ширкати чехии Liglass Trading CZ дар ҳузури президенти ин кишвар Алмосбек Отамбоев созишномаи бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои Норини Боло ва 10 нерӯгоҳи хурдро имзо карданд. Дертар расонаи чехии aktualne.cz дар матлабе навишт, ки "як ширкати гумноми Чехия дар Қирғизистон нерӯгоҳ месозад".

Ҳукумати Қирғизистон пештар бо ҳукумати Русия дар бораи бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои Норини Боло ва Қамбарота-1 соли 2012 созишномаеро ба имзо расонида буданд. Тибқи қарордод, ҳар ду нирӯгоҳро бояд ширкати русии "РусГидро" бунёд мекард. Вале баъди таъхиркории ширкат Қирғизистон шартномаро якҷониба бекор кард. Бинобар ин Бишкек бояд ба Москва 37 миллион доллар пардохт кунад.

XS
SM
MD
LG